Аз нишастҳои матбуотӣ

Юсуф Раҳмон: «113 нафар бо ҷурми узвият ба «Ихвон-ул-муслимин» ҳабс шуданд»

№15 (4121) 01.02.2020

Пракуратура (1)Соли 2019 дар ҷумҳурӣ 21966 ҷиноят ба қайд гирифта шуд.  Муфаттишони прокуратура 4105 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 3378 парвандаро барои баррасӣ ба суд ирсол намуданд. Дар ин бора 28 январи соли равон прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Прокурори генералӣ, ҳамчунин, аз хусуси боздошти аъзои ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» маълумот дода, изҳор дошт, ки ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба аъзои ин ташкилоти террористиву экстремистӣ аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратура якҷо бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавриди тафтиш қарор дорад.

- Ташкилоти номбурда дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон шудааст ва фаъолияти он тибқи қонунгузории ҷиноятии кишвари мо мамнӯъ мебошад. Айни замон бо чунин парвандаи ҷиноятӣ 113 нафар ба ҳабс гирифта шудааст. Нисбат ба дигар аъзои ин ташкилоти террористӣ корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд, — зикр кард Юсуф Раҳмон ва таъкид намуд: — Ҳар касе, ки аъзои ин ташкилот аст, сарфи назар аз он ки дар кадом идора ё мақомот фаъолият менамояд, ошкор карда, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ба маълумоти ӯ, мақсади ташкилоти террористии мазкур сарнагун кардани ҳокимият бо роҳи зӯрӣ, барқарор намудани давлати исломӣ дар ин ё он давлати дунё мебошад. Ин ташкилот қариб дар ҳама давлатҳое, ки фаъолият менамояд, террористиву экстремистӣ эътироф ва фаъолияташ манъ шудааст.

- Дар миёни боздоштшудагон як нафар корманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, беш аз 20 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин, ду шаҳрванди хориҷӣ дастгир шудаанд. Даст доштани ду шаҳрванди хориҷии дигар дар ин ҷиноят муайян гардидааст, ки айни замон ҷиҳати дастгир кардани онҳо чораҳои дахлдор андешида истодаем, — гуфт прокурори генералӣ.

М. УСМОН, «Садои мардум»