Аз нишастҳои матбуотӣ

Заминаи истеҳсоли хӯроки чорворо бояд пурқувват кард

№23 (4129) 20.02.2020

Рушди чорводориДиректори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷаев 14 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва шаҳри Кӯлоб тавассути идоракунии самараноки чарогоҳ ва беҳтар намудани маҳсулнокии чорводорӣ мебошад.

- Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии  чарогоҳи деҳаҳои зерҳадаф соли гузашта ба 1509 гектар нуриҳои минералии карбамид ва суперфосфат  дода шуд. Илова бар ин, баҳри тақвият бахшидани заминаи истеҳсоли хӯроки чорво дар 2317,5 гектар ҷав, юнучқа, эспарсет, лаблабуи хӯроки чорво ва ҷуворимакка кишт шуд, — гуфт Абдулаҳад Хоҷаев.

Соли сипаришуда вобаста ба барқарорсозии экосистемаи чарогоҳ ва фароҳам овардани имконият барои пайдо  намудани сарчашмаи иловагии даромади иқтисодӣ барои хонаводаҳо, бо истифода аз таҷҳизоти голландии «Ватербокс» дар 2,2 гектар замини лалмии ноҳияҳои Фархору Данғара ниҳоли писта шинонда шуд. Алҳол 90 дарсади ниҳолҳо хуб нашъунамо доранд.

Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 22 гурӯҳи ташаккули фаъолияти даромадовар барои занон дар самтҳои занбӯриасалпарварӣ, маркетинги шир, парвариш ва бастубанд кардани настаран (хуч) дастгирӣ шуданд, ки 200 зани эҳтиёҷмандро  дар бар мегиранд. Инчунин дар доираи cозишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар назди кафедраи «Зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво» тахассуси нав — «Марғзорпарварӣ» таъсис дода шуд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»