Аз нишастҳои матбуотӣ

Заминаи моддию техникии «Тоҷикфилм» тақвият меёбад

№92 (4042) 30.07.2019

КиностудияДар нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки 24 июли соли равон баргузор гардид, директори он Носир Раҳмон зикр кард, ки дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» заминаи моддиву техникии муассиса тақвият бахшида, таҷҳизоту лавозимоти муосири наворбардорию филмофарӣ дастрас карда шуд. Ба гуфти ӯ, дар доираи барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои таъмири кинотеатрҳо маблағгузорӣ карда истодааст.

- Фаъолияти байналмилалии муассиса низ самаранок аст. Дар ин давра меморандуми ҳамкорӣ бо Агентии миллии «Ӯзбеккино» ва созишномаи ҳамкорӣ бо кинематографис­тони Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расид. Дар доираи татбиқи ин созишномаҳо ҳамкорӣ густариш меёбанд. Роҳандозии бозомӯзии кормандони муассиса дар киноконсерни «Мосфилм» самараи ибтикори амалишуда аст, — афзуд директори муассиса.

Зикр гардид, ки ояндаи наз­дик дар ҷумҳурӣ рӯзҳои кинои Россия, Германия, Франсия ва Туркия баргузор мегарданд.

Носир Раҳмон ёдовар шуд, ки аз таъсисёбии «Тоҷикфилм» то ба ҳол панҷ филми ҳунарии кӯтоҳ, аз ҷумла, «Хонаи меҳр», «Инсоф», «Одами хеле эҳтиёткор», «Дӯғоб», «Аз баландии парвоз» ва панҷ филми ҳунарии пурра, «Бархез, модар!» «Парад женихов», «Рақси зиндагӣ», «Нигоҳи ғизол» ва «Автобус», ҳафт филми мустанад ва филмҳои тасвирӣ пешкаши ҳаводорон гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2017 дар заминаи киностудияи «Тоҷикфилм» ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» таъсис ёфт.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»