Аз нишастҳои матбуотӣ

Заробиддин Файзуллозода: «Соҳаи геология мутахассисони хуб дорад»

№14 (3808) 01.02.2018

Точкгиология (1)Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази равандҳои экзогенӣ – геологӣ ба фаъолият шурӯъ кард.  Зимни нишасти матбуотӣ, ки 29 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, хабарнигорон ба фаъолияти он шинос шуданд. Сардори марказ Азиз Гулаҳмадшоев  гуфт, ки дар он рақамикунонии харитаи равандҳои экзогенӣ – геологии ҷумҳурӣ, харитаи инкишофи  тармаҳо ва харитаи ҷойгиршавии пармачоҳҳо ба роҳ монда шудааст. 

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода  гуфт, ки Саридора  корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои Буҷети давлатӣ аз рӯи 39 лоиҳа пеш мебарад. Алҳол корҳои шартномавӣ ба маблағи 13628315 сомонӣ, корҳои пудратӣ ба маблағи 321 768 сомонӣ иҷро шудааст.

Соли 2017 барои ҳуқуқи гузаронидани корҳои омӯзишӣ — геологӣ дар кони Корунди Барфии ноҳияи Мурғоб, майдони тиллодори Уқобхона ва макони сурмаи Пиндари ноҳияи Айнӣ иҷозатнома дода, бо 58 ширкат барои истифодаи қаъри замин қарордод баста шуд.

Дар 287 деҳаи ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронида, ба 826 хоҷагӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчондан тавсия дода шудааст. Кормандону мутахассисони соҳа дар таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ низ саҳмгузор буда, аз тариқи шартнома 35 чоҳ дар вилояти Суғд ва 15 чоҳ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ парма карда шуд.

Вобаста ба мутахассисони соҳаи геология, ки мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор гирифт, Заробиддин Файзуллозода гуфт, ки онҳо аз мутахассисони хориҷӣ кам нестанд.

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»