Аз нишастҳои матбуотӣ

Завқӣ Завқизода: «Рушди ММД бардавом аст»

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

Рушти Иктисод  (3)30 январи соли равон зимни нишас­ти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зикр кард, ки соли 2019 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 77,3 млрд. сомонӣ ва афзоиши он 7,5 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ба гуфти номбурда, рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  13,6 фоиз, кишоварзӣ — 7,1, гардиши бор — 15,8, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ — 9 ва хизматрасонии пулакӣ 2,9 фоиз боис гардид. Дар давраи мавриди назар ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз, аз ҷумла, ҳаҷми содирот — 9,4 ва воридот 6,3 фоиз афзуд.

Дар идома қайд шуд, ки бо мақсади тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва гуногунсамтии он, инчунин, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо супориши роҳбарияти кишвар дар вазорат Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ таъсис ёфт ва соли 2019-ум 58 гурӯҳи молӣ (2085 намуди мол) мавриди таҳлил қарор гирифт.

Зикр гардид, ки дар таҳлилҳои анҷомдода таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳимояи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротӣ ва пайдо намудани сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ зоҳир гардид.

Иттилоъ гирифтем, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 75 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст, ки ба минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» 29 адад, «Данғара» — 25, «Панҷ» — 16 ва «Ишкошим» 5 адад рост меояд. Соли 2019 дар минтақаҳо ба маблағи 200,83 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

- Айни замон дар минтақаҳо 1072 корманд кору фаъолият доранд. Соли 2019 -ум 12 субъекти нав ба қайд гирифта шуд, — иброз дошт вазир.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»