Аз нишастҳои матбуотӣ

Зевар Давлатова: «Барои эҷодкори асил шароит фароҳам меорем»

№5 (3642) 18.01.2017

Сафина (1) ___ копия- Имсол, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст, мо тасмим гирифтем ҳайати эҷодиамонро «ҷавон» созем. Аз ин хотир, барои пуробуранг, ҷолибу диданӣ ва беҳтару хубтар намудани мазмуну мундариҷаи намоишҳо озмун эълон кардем. Барои эҷодкори асил шароити хуби эҷодӣ фароҳам меорем, -гуфт директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Зевар Давлатова 11 январи соли 2017 дар нишасти матбуотӣ.

Доир ба ҷашну маросимҳои миллӣ – Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Рӯзи ваҳдати миллӣ, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Парчами миллӣ силсилаи намоишҳои телевизионӣ таҳияву пахш шудаанд.

Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахши соли 2016 ба дарёфти ҷоизаи фестивали VI байналмилалии «ТЭФИ -содружества» ноил гардидани барномаи иттилоотии «Навид» мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон дар баробари мазмуну мундариҷаи барномаҳои «Телевизиони Сафина» ҷиҳати истифодаи нодурусти калимаю мафҳумҳо, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» мухолифат доранд, кам будани барномаҳои ҳаҷвӣ, ангуштшумор будани чеҳраҳои телевизионӣ, норасоии барномаҳои тозаэҷод, интихоби наттоқону ровиён изҳори андеша карданд. Роҳбарони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ваъда доданд, ки дар таҳия ва пешниҳоди барномаҳои ҷолиб саъй хоҳанд кард.

А. Мирзозода, «Садои мардум»