Аз нишастҳои матбуотӣ

Журналистон ҳавасманд гардонда мешаванд

№93 (3887) 02.08.2018

Раччабой31 июл таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар шашмоҳаи аввали соли 2018 баргузор гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ сокинони вилоят дар ҳама соҳа нишондиҳандаҳои назаррасро ноил гардиданд. Дар ин муддат нақшаи ҷамъоварии андоз 104,3 фоиз иҷро ва ба буҷети вилоят 804,2 млн. сомонӣ ворид шуд.

Иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, чорводорию сохтмон ва нақлиёт низ таъмин гардид.

Журналистон ба масъалаҳои афзун сох­тани содироти маҳсулот, фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллии умумиҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, ҳолати обрасонӣ дар шаҳраки навбунёди Сайҳун, бунёди «Қасри шеър», робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии ­Ӯзбекистон, таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак бо ин кишвар, баҳси судӣ оид ба гузаронидани ислоҳот дар ҶСК «Гулистон»-и ноҳияи Спитамен, мушкилоти барқарорсозии шабакаи обу ташноби шаҳри Гулистон ва ғайра дахл карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Собиқадори матбуот Бобоҷон Икромов пешниҳод кард, ки барои журналистон низ чун адибон ҷиҳати барқарор намудани саломатӣ дар истироҳатгоҳҳо имтиёз дода шавад. Ҷавобан ба ин пешниҳод Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки ҳар сол аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба 20 нафар корманди ВАО барои истироҳат дар истироҳатгоҳҳои вилоят роҳхат ҷудо намоянд. — Собиқадорони матбуот аз чунин ғамхорӣ ба таври алоҳида бархӯрдор хоҳанд шуд, — афзуд раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода барои ҳамкории судманд ба кормандони ВАО арзи сипос ва изҳори умед намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо журналистон таҳким ёфта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни мубораки кишвар — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва дарки масъулияти ватандорӣ дар ҳаёт татбиқ хоҳанд шуд.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»