Қабули эътимоднома аз сафирони нави даҳ давлати ҷаҳон

№137 (3283) 20.11.2014

15198486574_a886e74a71_o

18 ноябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори даҳ давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Зимни маросими расмӣ, ки дар Муассисаи давлатии  «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниязов, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо Ҳидайет Бишчевич, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчули, Сафири Австралия Пол Эндрю Майлер, Сафири Зеландияи Нав Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, Сафири Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Сафири Словения Примож Шелиго, Сафири Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Сафири Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт эътимоднома супурданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба мақоми олии сафирони давлатҳои худ табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Тоҷикистон ва минтақаи мо саҳми намоёни худро мегузоранд.

www.president.tj