16 ноябр — рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ

№139 (3933) 17.11.2018

45908380071_249c104b83_o16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони «Роғун» Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

44092649880_3b3de314f8_oБа кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад. Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» мустақиман тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш карда шуд. Ҳамчунин, ин чорабинии муҳимро бештар аз 200 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе — Роғун»-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.

Арзиши умумии тарҳи хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ — и «Душанбе — Роғун», ки дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» амалӣ шуд, 650 миллион сомонӣ мебошад. Анҷоми татбиқи лоиҳаи мазкур, ки моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта буд, тибқи нақша, моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.

45908381931_b81c7f58c5_oСипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои васлгарии таҷҳизоти дастгоҳи маҷмӯии пӯшидаи тақсимкунии элегазӣ (КРУЭ) феврали соли 2018 бо иштироки мутахассисони варзидаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда буд.

Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хатти барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин, аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хатти дузанҷираи 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд.

Ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии «Siemens» бо сифати баланд бунёд гардидааст. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи дар НБО-и «Роғун» истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.

Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакҳои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори ҷараёнӣ, 30 модули дарозкунанда, 168 адад ҷудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад маҳдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шудаанд. Дар байни 36 полюс модулҳои мобайнии ҷараёнгузар насб гардидааст. Ҳама полюси 500 кВ бо металлоконструксияҳои муҳофизатӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Ҳамин тариқ, 16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст ва қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон иштирок доштанд.

Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барқ ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд ва равшанию гармии кохи нури Тоҷикистон — НБО — и «Роғун» ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид дош­танд, ки «расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад».

Дар толори мошинҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ дар китоби «Роғун — кохи нур» соядаст гузоштанд.

Дақиқияти кори аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо гузоштани танга муайян карда шуд ва кори нахустин агрегати неругоҳ ҷавобгӯйи талабот арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чанбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» — пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд аст.

«Роғун»-ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории миллати тоҷик маҳсуб меёбад, зеро барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқдоштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, ба инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар сохтмони неругоҳ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 25 ҳазор нафар сохтмончӣ, муҳандис ва дигар кормандони техникӣ саҳми арзанда гузоштанд. Корнамоии сохтмончиён барои ба кор даровардани агрегатҳои дигари неругоҳ идома дорад.

Баъди пурра ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазор­ҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, ба хотири амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд.

Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Помир — 1», Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», зеристгоҳҳои барқии 500 — киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220 — киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран — 2», хатҳои интиқоли барқи 220 — киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум — Суғд», «Айнӣ — Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи CASA — 1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд. Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидори истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110 киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи бунёди садди неругоҳ, дар назди шумораи зиёди мардум, ки ба хотири иштирок дар маросими оғози кори агрегати якум ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин рӯйдоди муҳим табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат ба сохтмончиён, бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур, ки дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон доданд, аз номи тамоми мардуми тоҷик, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Сарвари давлат таъкид дош­танд, ки дар баробари ба истифода супоридани иншооти навбати аввали Неругоҳи барқи обии  «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввал дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Душанбе — Роғун» ва зеристгоҳи барқии неругоҳ сохта ва ба истифода дода шуд.

- «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд, — гуфтанд Сарвари давлат.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер ва муовини вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Италия Манлио  ди Стефано суханронӣ карданд.

Ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ, ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО — и «Роғун» паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархӯрдор менамояд.

www.president.tj