Мубодилаи барқияҳои табрикӣ

№85 (3722) 18.07.2017

14 июли соли 2017 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷалолатмаоб!

Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати санаи мубораки таърихӣ – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон самимона табрик менамоям.

Мо аз он қаноатмандем, ки дар тӯли ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мо асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ пайдо карда, бо талоши фаъолу созандаи ҳар ду ҷониб пайгирона густаришу тавсеа ёфтанд, ки ин ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ ва ормонҳои мардуми ду кишвари дӯст мебошад.

Бо истифода аз ин фурсат, изҳори итминон менамоям, ки равобити неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн, ки дар сархати стратегияи минтақавии Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, дар оянда низ рушди матлуб хоҳанд ёфт.

Ба Ҷалолатмаоб сиҳатмандиву комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Афғонистон сулҳу амният ва саодату пешрафт таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ омадааст:

«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ниҳоят хушҳолам, ки беҳтарин таманниёти неки хеш ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати 25-умин солгарди эҷоди равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ иброз менамоям.

25 соли равобити дипломатии ду кишвари мус­тақил ва озод баёнгари иродаи сиёсии устуворест, ки реша дар умқи таърих, фарҳанг ва тамаддуни муштаракамон дорад. Бо такя ва таъкид бар ин ҳақиқати халалнопазир, мо метавонем бо пайгирии манфиатҳои миллӣ минтақаи муттаҳидеро эҷод кунем, ки роҳоварди он амният, субот ва инкишофи пойдор дар минтақа аст.

Бар асари саъю талоши Ҷаноби Олӣ мардуми кишвари дӯст ва бародар ба сӯи хушбахтӣ, некуаҳволӣ, озодӣ, сулҳ ва субот дар ҳаракатанд, ки мо ба унвони дӯст ва ҳамсоя бо он меболем.

Бо истифода аз фурсат, як бори дигар ин рӯзи таърихиро муборакбод гуфта, сиҳатӣ ва муваффақияти Ҷалолатмаоб, саодат ва тараққии миллати бародари Тоҷикистонро орзу медорам».