Изҳори тасаллият

№120 (3757) 10.10.2017

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки 7 — уми октябри соли 2017 бар асари бемории сактаи дил Нуриддин Раҳмон дар синни 67 аз дунё даргузашт.

Нуриддин Раҳмон

дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон»-ро ба уҳда дошт.

Шодравон бо хислатҳои некӣ инсонияш дар ёди дӯстону наздикон абадӣ хоҳад монд. Мо дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон