Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб озод намудани Нозирӣ Хусрав

№40 (3990) 11.04.2019

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Нозирӣ Хусрав бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ва ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 10 апрели соли 2019, №1234