Барқияи тасаллият

№51 (4001) 07.05.2019

6 майи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Хабари ба амал омадани ҳолати фавқулода ҳангоми фуруди ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Шереметево, ки сабаби ҳалок шудани даҳҳо нафар шаҳрвандон гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар робита ба ин фоҷиа тасаллияти амиқи худро ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Россия иброз менамоям ва хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед».

 www.president.tj