Шоми дӯстӣ ба ифтихори иштирокчиёни ҳамоиши панҷуми МҲТБО

№70 (4020) 18.06.2019

48063355757_b6c904b46d_o14 июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё шоми дӯстӣ баргузор карданд.

Барои доир намудани он яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои кишвар — бӯстонсаройи беруназшаҳрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, интихоб гардид. Ҳадаф аз он муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвар, таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозӣ, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардум, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, таомҳои миллӣ, анвои гуногуни хӯрока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамин буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, кандакорӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ ва таомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос намуданд.

Дар шоми дӯстӣ сарони давлатҳо аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёр дидан намуданд. Дар он меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои табиии кишвар ба маъраз гузошта шуда, ба меҳмонони олимақом хеле писанд омад.

Воқеан ҳам, Тоҷикистон кишвари офтобрӯяву дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмева ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза касб намудааст.

Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар яки он ва намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Ба меҳмонон, ҳамчунин, ҳайвоноти нодири кишвар муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон, дар баробари дигар бахшҳои сайёҳӣ сайёҳии шикорӣ низ рушд карда истодааст.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмоннавозии волои тоҷикона доранд ва ба расму оинҳои меҳмоннавозии мардум арҷ гузошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.

48063298903_212c2d08ab_oМеҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам бо таомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус, обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. Биноан, тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун барои шинос кардан бо меҳмоннавозии тоҷикона, таъриху фарҳанг, маданияти бойи миллати тамаддунофар, муаррифии имкониятҳои фарохи сайёҳӣ, ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Сайругашти меҳмонони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Меҳмонони олимақом гаштугузор ва суҳбати озоди дӯс­тона намуда, аз табиати афсункору ҳавои тозаи кишвар ҳаловат бурданд.

Сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка Майтрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен ва дигарон аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуданд.

Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд.

www.president.tj