Видеоконференсия бахшида ба 75-солагии таъсисёбии СММ

№117 (4223) 24.09.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 сентябри соли 2020 аз тариқи видеоконференсия дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани он суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар тӯли солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфузи байналмилалӣ ташаккул ёфта, ба платформаи муҳиму фарогире табдил гардид, ки тавонист дар ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ саҳм гузорад. Фаъолияти он вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгаройӣ, тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии коронавирус бори дигар аз он шаҳодат дод, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба ниёз дошта, дар ин роҳ Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар шароити ҳозираи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ бояд барои ҳифзи сулҳи пойдор, зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омодаву муттаҳид ва дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра ҳамкории густурда намоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҷашни 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд ва инсоният танҳо аз тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ метавонад онҳоро бартараф созад.

- Тоҷикистон ният дорад, ки саъю талошҳоро ҷиҳати татбиқи ташаб­бусҳои созанда дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ, барои ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуданд, ки дар шароити хатару таҳдидҳои шиддатёбанда вокунишҳои бетаъхир ва ҳамкориҳои судмандро ҳар чӣ бештар ба роҳ монанд.

www.president.tj