84 шаҳрванди ноболиғ аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд

№49 (3999) 02.05.2019

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳар чӣ зудтар ба Ватан баргардонидани кӯдакон ва ноболиғон — шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшуда ҷиҳати пайвас­тан ба сафи ДИИШ ва дигар неруҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Дар натиҷа, муайян гардид, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо  ва марказҳои  нигоҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсол низ ҳастанд, ки дар кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакон ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос намуд.

www.president.tj