Қабули эътимоднома аз 5 сафири нав

№39 (3676) 13.04.2017

33585901840_a2b713e4ea_o11 апрели соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ, Давлати Кувайт — Нассар Абдулраҳмон Алмутаирӣ, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка — Локу Кетагодаге Ҷаянатҳ Чандрасири Перера, Ҷумҳурии Мали — Тиефинг Конате ва Ҷумҳурии Кот — д,Ивуар — Бернар Тано-Бучуе эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафиронро барои оғози фаъолияти дипло­матӣ дар Тоҷикистон табрик карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки меҳвари сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро усули «дарҳои кушода» ташкил медиҳад ва дар чаҳорчӯбаи ин усул, бо риояи ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ ба хотири пешбурди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд, бо кишварҳои дӯсту хайрхоҳ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои ҳамҷавор, давлатҳои ҳавзаи Халиҷ, Осиё ва қитъаи Африка андешаронӣ карда, таъкид дош­танд, ки дар даврони муосир кишварҳои мо манфиатҳои зиёди амалан муштарак доранд.

Изҳори умед карда шуд, ки сафирони нав ба хотири рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳо бо фаъолияти пурмасъули дипломатӣ ба ин раванд мусоидат хоҳанд кард.

 www.president.tj