Қабули эътимоднома аз сафирони нав

№140 (4090) 21.11.2019

49093785538_55072e4919_o20 ноябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъиншудаи кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Андреас Протманн, Япония — Такаюки Мияшита, Украина — Василий Серватюк, Шоҳигарии Нидерландия — Андре Карстенс, Ҷумҳурии Португалия — Паулу Жоао Лопеш ду Регу Визеу Пинейр, Ҷумҳурии Литва — Гинтаутас Васиулис, Ҷумҳурии Кипр — Андреас Зинонос, Шоҳигарии Таиланд — Русс Ҷаличандра, Шоҳигарии Баҳрайн — Муҳаммад Иброҳим Муҳаммад Абдулқодир, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш — Гузал Азам Саркор ва Ҷумҳурии Нигер — хонум Салоу Адама Газибо бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш эътимоднома супориданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо бо фаъолияти пурсамари дипломатӣ ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳояшон мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъмини ҳамаҷонибаи шароити ҳар чӣ бештари мусоид барои ҳаллу фасли вазифаҳои бузургмиқёси иҷтимоиву иқтисодӣ ба манзури бомаром баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони кишвар дар сархати афзалиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлат қарор дорад.

Дар ин зимн, ҳамеша алоқаманди рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо доираи васеи кишварҳои дӯсту шарикони боэътимод ҳастем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ҳавзаи минтақаи назди Балтика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, кишварҳои олами араб ва ислом, қитъаи Африка андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъин бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳо бо Тоҷикистон равона месозанд.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сафирон ба муносибати оғози фаъолият барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

www.president.tj