Қабули эътимоднома аз сафирони навтаъин

№93 (4043) 01.08.2019

48420271861_2cd65df8d1_o31 июли соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини як қатор давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он рӯз сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Таджибаев, Ҷумҳурии Ҳиндустон — Вираҷ Сингх, Ҷумҳурии Исломии Покистон — Имран Ҳайдар, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ — Меттию Лоусон, Гурҷис­тон — Зураб Абдушелишвили, Ҷумҳурии Корея — Кан Джэ-квон, Босния ва Гертсеговина — Самир Веладзик, Ҷумҳурии Колумбия — Алфонсо Лопес Кабалеро, Австралия — Грейм Михан ва Ҷумҳурии Федералии Демократии Эфиопия Гирма Тамесген Баркесса бо таманиёти неку шодбошии роҳбарони давлатҳояшон эътимоднома супориданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои оғози иҷрои вазифаи сафирӣ табрику таҳният гуфта, изҳори умеду боварӣ намуданд, ки дар фаъолияти самараноки дипломатӣ ба рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва кишварҳояшон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳиб­истиқлолӣ сиёсати фаъоли хориҷии дарҳои боз пеш гирифта шудааст ва барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳои пайваста ба харҷ дода мешавад.

Изҳори итминон карда шуд, ки сафирони навтаъин дар рафти иҷрои вазифаи сермасъулияти сафирӣ бо Тоҷикистон шиносоии бештару наздик пайдо карда, дар таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.

www.president.tj