Қадрдонии Дилшод Назаров аз ҷониби Пешвои миллат

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

28624622413_6e56a480d2_oШоми 26 августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон варзишгари номдори мамлакат ­Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои ХХХI ­тобис­тонаи олимпии Рио-де-Жанейро — 2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта, барои хизматҳои бузург дар муаррифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба медали тиллои Бозиҳои олимпӣ ноил шудани Дилшод Назаров, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат рӯйдоди фараҳбахшу беназир аст, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид ва Парчами миллии давлати тозаистиқлолро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро боз ҳам ифтихорманду сарбаланд кард.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро — 2016 бо мукофоти давлатӣ — Ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуданд.

Бояд хотиррасон шуд, ки як сол муқаддам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро барои дастовардҳои намоёни варзишӣ ва рушди соҳаи варзиш бо Ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардонда буданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Пешвои миллат ба Дилшод Назаров 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ тақдим намуданд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ, шаби 19 — уми август соати 21:05 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ва соати 5:05 дақиқа бо вақти Душанбе, дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри ­Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр партоф­та, дар байни 12 гурзандози номии ҷаҳон ғолибият ба даст овард ва Қаҳрамони Бозиҳои ХХХ1 тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро — 2016 оид ба гурзандозӣ шуд.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки баъди мақоми дуюмро касб кардан дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр ба Бозиҳои ХХХ1 тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейрои Бразилия — 2016 роҳхат гирифта буд.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад.

www.president.tj