Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ ба фаъолият шурӯъ кард

№115 (3909) 22.09.2018

DCIM100MEDIADJI_0052.JPG20 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони ин Муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Бритониё 28 апрели соли 2017 санги асос гузошта, сохтмончиёнро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят карда буданд.

Бинои мактаби муосир дар давоми якуним сол бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланди меъморӣ бунёд ёфтааст.

Масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимии мазкур 6847 метри мураббаъ ва масоҳати умумии сохтмонии он 2345 метри мураббаъро ташкил дода, аз ду бинои 3 ошёна бо таҳхона ва болохона ва як бинои 2 ошёна иборат аст. Дар таълимгоҳ 500 ҷой барои таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар он, ҳамчунин, ошхона бо 150 ҷойи нишаст, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва синфхонаҳо барои таълиму тарбияи томактабӣ ва синфҳои болоӣ мавҷуд аст. Муассиса дорои синфхонаҳо барои омӯзиши фанни таълими меҳнат, аз ҷумла, азхудкунии пухтупаз, муҳандисӣ барои омӯзиши технологияи муосир, ҳавзи оббозӣ, синфхонаи махсус барои омӯзиши рақсҳои гимнастика ва балет, толори варзишӣ, ҳуҷраи ивази либос ва толори маҷлис барои 90 ҷойи нишаст мебошад.

Таълим дар муассиса тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Забони таълим англисӣ мебошад. Таълиму тарбияи томактабӣ дар маркази инкишофи кӯдакон ва таҳсилоти умумӣ дар се зина — ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.

Ба хатмкунандагони муассиса ҳуҷҷатҳои таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Британияи Кабир дода мешавад ва онҳо метавонанд таҳсилро дар мактабҳои олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Япония ва ғайра идома диҳанд.

Дар муассиса омӯзгорону устодон аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардидаанд Машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усулҳои муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.

Ба ғайр аз ин, муассисон ба нақша гирифтаанд, ки то соли 2020, баъди аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҷудо гардидани қитъаи замин, барои хонандагони синну соли аз 18 то 23-сола коллеҷ бунёд намоянд.

Баъди шиносоӣ бо шароиту имконияти мактаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои бунёди муассисаи муосири таълимӣ баҳои баланд дода, бо устодону хонандагон суҳбати самимӣ доир карданд.

www.president.tj