Ҷаласаи Шӯрои машваратӣ

№9-10(3646-3647) 31.01.2017

30 январи соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ баргузор гардид.

Дар он аъзои Шӯрои машваратӣ, намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуда, гузоришҳои котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратӣ, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам   Рустам оид ба рафти амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани як қатор тадбирҳо дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, коҳиш додани воридот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ибрози назар намуданд.

Дар ин робита масъалаҳои рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодаи самараноки он дар рушди иқтисодиёти мамлакат, истифодаи самарабахши неруи барқ ҳамчун марҳилаи навбатии ҳадафи стратегии мамлакат дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон ва ғайра қайд гардида, зарурати вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои зикршуда таъкид карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба масъалаҳои баррасигардида дастуру супоришҳо доданд.

www.president.tj