Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№19 (3320) 12.02.2015

Даҳуми феврали соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои шӯрои мазкур, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ширкат намуданд.

Дар нишасти мазкур раванди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва роҳҳои таъмини рушди босуботи оянда баррасӣ шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани ифтитоҳӣ, аз ҷумла изҳор дошт: «Натиҷагирии фосилавии Стратегияи миллии рушд нишон медиҳад, ки тадбирҳои роҳандозишуда Тоҷикистонро барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва стратегӣ торафт наздик менамояд».

Зикр гардид, ки дар давоми ҳашт соли охир тамоюли мусбии рушд нигоҳ дошта шуда, афзоиши миёнасолонаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ то ба ҳафт фоиз расид ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 32 фоиз дар соли 2014 коҳиш дода шуд.

Дар ҷаласа миёни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд табодули афкор сурат гирифт.

Аз ҷониби шарикони рушд нахуст муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Кёши Кодера, директори иҷроияи Бонки Умумиҷаҳонӣ Йорг Фриден ва намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳори андеша карданд. Шарикони рушд пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намуда, ба он баҳои мусбӣ доданд ва зикр намуданд, ки ҳамкории судбахш бо шарикони рушд барои тақвияти ин раванд идома меёбад.

Директори иҷроияи Бонки Умумиҷаҳонӣ Йорг Фриден, аз ҷумла изҳор дошт, ки ба Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини рушди босуботи оянда дар баробари рушди институтсионалӣ расидан ба истиқлоли энергетикӣ басо муҳим аст.

Рафти иҷро ва натиҷаҳои фосилавии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода муаррифӣ шуд.

Доир ба татбиқи ташаббусҳои шарикони рушд барои амалӣ намудани Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд Си Си Ю ва дигар аъзои шӯро, аз ҷумла роҳбари бахши Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер, Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот, муовини директори намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Алиона Никулита, директори намояндагии Бонки рушди Германия Кристин Лаабс, намояндаи собиқи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, мушовири шуъба оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбии ин бонк Ҷоҷи Токеши ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Фан Сиянжу изҳори андеша карданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дастгириҳои шарикони рушд асосан дар доираи шаш афзалият сурат мегирад ва барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятнок аз ҷониби Шарикони рушд беш аз ду миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷалб шудааст.

Шарикони рушд ҳамчунин изҳор доштанд, ки онҳо барои коҳиш додани таъсири омилҳои буҳронии беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии Федератсияи Россия ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дасти кумак дароз менамоянд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки ба андешаи ӯ: «беҳтарин ҳамкории Ҳукумат бо Шарикони хориҷии рушд дар Тоҷикистон ба назар мерасад».

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани ҷамъбастӣ ба саҳми Шарикони рушд дар тараққиёти иқтисоди миллӣ баҳои баланд дода, идомаи ҳамкории пурсамари онҳоро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим номид.

Ба масъалаи таҳияи стратегияи навбатии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Тавре зикр гардид, санади рушди оянда бояд ҳамаи хатару таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратии ҳаёти муосир ва роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии онҳоро дар назар дошта бошад.

Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Шарикони рушд ба идомаи босамари сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва комёб шудан ба афзалиятҳои миллӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишвар бояд мусоидати фаъол намояд.

www.president.tj