Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

№118 (3912) 29.09.2018

44915341932_3694738d78_o28 сентябри соли 2018 дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он сарони давлатҳои аъзо ва дигар меҳмонони олимақом ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сарони давлатҳои иштирокчӣ — Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Пурлӣ Агамуродов ва раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими аксбардории сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар саҳни ҳавлии Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.

Дар он масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар он, чораҷӯйи фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ — терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2019 ва дигар мавзӯъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин давра бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Иттиҳод бастаи калони санадҳо омода ва барои рушди шарикии гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод баҳои баланд дода, барои дар сатҳи баланд ташкил кардани Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод, пазироию меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ва Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, ҳамраиси Фонди ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ Михаил Швидкой иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар интиҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарорҳои зер қабул гардиданд:

Дар бораи Конвенсияи ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади сулҳ;

Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945;

Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон;

Дар бораи соли 2021 татбиқ кардани Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дар бораи эълони соли 2021 ҳамчун «Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи «Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2019 — 2023»;

Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории соҳаи технологияҳои иттилоотӣ;

Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Низомномаи Шӯрои вазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи роҳбари Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи раиси Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба Бозии ҷаҳонии кӯчнишинҳо;

Дар бораи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 90 — солагии Чингиз Айтматов.

Ҳамчунин, қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2019 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардад.

Дар бораи натиҷаи кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳорот доданд.

www.president.tj