Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

№117 (4379) 18.09.2021

51487947105_9db44ac0d7_o-2Шаҳри Душанбе ба хотири баргузории ҳамоишҳои сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмонҳо тайи солҳои фаъолият ба ниҳодҳои соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтанд.

Барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай сарони давлатҳои аъзои он — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, инчунин, роҳбарони ҳайатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳиндустон дар макони баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар «Кохи Наврӯз» ба ҳам омаданд.

Ба онҳо роҳбарони кишварҳои нозир, меҳмонони фахрӣ ва намояндагони воломақоми ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва сохторҳои доимоамалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов ва ҷонишини аввали Сарвазири Муғулистон Сайнбуянгийн Амарсайхан, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Наталия Герман, директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов, Раиси мушовараи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Директори иҷроияи котиботи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигарон ҳамроҳ шуданд.

Чорабинии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай бо истиқболи меҳмонони воломақом аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори «Дидор» — и «Кохи Наврӯз» оғоз ёфт.

Қабл аз оғози кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони воломақоми 8 давлати аъзои созмон дар тарафи дигари толори «Аржанг» акси хотиравӣ гирифтанд.

Дар ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои аъзо ва нозир, меҳмонони фахрӣ ва намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалиро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт, Роҳбари кишвари мизбон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов ва директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов суханронӣ намуданд.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар чорабинӣ аз тариқи фосилавӣ ширкат ва суханронӣ карданд.

Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар ҷаласаи ҷашнии 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бо навори видеоӣ муроҷиат карданд.

Дар интиҳои ҳамоиш бастаи калони санадҳо, дар маҷмӯъ иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла, Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай, ба имзо расид.

Пас аз анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахустин маротиба дар таърихи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай гимни созмон, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, садо дод.