Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

№70 (3707) 13.06.2017

35194949005_e248aecc0a_o9 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар макони баргузории ҷаласа «Қасри Истиқлолият» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт.

Пас аз аксгирии муштарак ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекис­тон ҷараён гирифт.

Дар он масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо оид ба пурзӯр кардани тадбирҳо бар зидди дигар таҳдиду хатарҳо, қабули санади таърихӣ оид ба додани мақоми узви баробарҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, инчунин дигар масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Беларус, Муғулистон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дабирони кулли СММ, СҲШ, раёсати СААД, ИДМ, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Қазоқистон барои созмондиҳии шоистаи ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи сипос намуданд. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои Покистону Ҳиндустонро барои шомил шудани кишварҳояшон ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ҳамчун аъзои комилҳуқуқ барои болоравии нуфузи созмон дар арсаи олам саҳми арзанда мегузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки соли сипаришуда бо талошҳои муштарак як қатор тадбирҳо ба хотири таҳкими суботу амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ амалӣ гардид.

Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва кишварҳои Шарқи Наздик, нуфузи гурӯҳҳои ­террористӣ, афзоиши хатарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҷонноку самаранок кардани фаъолияти сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ҷалб намуданд.

Барои муборизаи муштарак бар зидди гардиши маводи мухаддир Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ташаббуси ҷониби Тоҷикис­тон оид ба таъсиси Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ дастгирӣ карда шавад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории дорои аҳамияти минтақавӣ зарурати таъсиси Фонди рушд ё Бонки рушди СҲШ ба миён гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмон густариши ҳамкории давлатҳоро дар самтҳои энергетика, рушди энергияи сабз, ҳифзи табиату беҳдошти муҳити зист, инчунин бахшҳои тандурустӣ, фарҳанг, илм, техника, инноватсия, варзиш ва туризм махсус таъкид намуда, татбиқи онҳоро омили муҳими мустаҳкам кардани муносибатҳо маънидод карданд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо дар маҷмӯъ 11 санади муҳим ба имзо расид. Ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай қабул шудани Покис­тону Ҳиндустон, қабули Эъломияи Остона, имзои Конвенсия ва қабули изҳороти сарони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба муқовимат бар зидди терроризму экстремизм аз натиҷаҳои бобарори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Ҳамин тавр, баъди анҷоми ҷаласа раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2017-2018 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт.

Зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳорот дод.