Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№76 (3222) 12.07.2014

Даҳуми июли соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати роҳбарии ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлис бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор оғоз ёфт. Зимни суханронии Президенти кишвар нахуст таъкид гардид, ки дар маҷлис бурду бохти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ тайи солҳои охир мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, доир ба ошкор ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз арзишҳои волои давлатдорӣ чун волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, амнияту суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои давлати Тоҷикистон ёдовар шуда, аз роҳбарият ва кормандони мақомоти мазкур хизмати софдилонаю содиқона ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматии онҳоро талаб намуд.

Тавре таъкид гардид: «яке аз сабабҳои асосии ин мулоқот зиёд шудани арзу шикоятҳои мардум аз болои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ мебошад».

Пеш аз ҳама, аз бенизомӣ ва қонуншиканиҳои сершумор дар самти тақсимоти замин ба аҳолӣ барои сохтмони манзили зист изҳори нигаронӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, тайи 23 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои таъмини ниёзҳои мардум ба манзили зист 133 ҳазор гектар замин барои тақсимоти қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст, ҳол он ки тайи 70 соли пеш масоҳати  заминҳои аҳолинишин ҳамагӣ ба 77 ҳазор гектар баробар буд. Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки бо вуҷуди ҷудо шудани ин қадар замин ҳодисаҳои қонуншиканӣ ва поймол намудани ҳуқуқи мардум ба назар мерасад. Бинобар ин, дастур дода шуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳо дар ин самти корӣ ва ҷорӣ намудани тартиботи муайян чораҳои таъхирнопазир амалӣ карда шаванд.

Таъкид гардид, ки «чораҳо доир ба расидан ба арзу доди мардум ва ошкору бартараф намудани камбудиҳо бояд муассиру натиҷабахш бошанд».

Падидаҳои дигаре, ки аз афзоиши он изҳори нигаронӣ карда шуд, ҷиноятҳои авбошӣ дар миёни наврасону ҷавонон, хусусан дар миёни мактаббачагони синфҳои болоӣ ва садамаҳои нохуши нақлиётӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «роҳу нақбҳои мошингарди сатҳи ҷаҳонӣ сохта, ба истифода додани мо на ба он хотир аст, ки суръати ҳаракати мошинро аз меъёр зиёд намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар гузорем». Таъкид гардид, ки ҷазои маъмурию ҷиноятӣ ва моддӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ ва боис шудан ба садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва ҳамчунин роҳ додани ноболиғон ба сари чамбараки мошин бояд шадид карда шавад. Аз ин хотир, дастур дода шуд, ки лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории ин соҳа таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад. Дар робита ба ин мавзӯъҳо ҳамчунин риояи бечунучарои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаб карда шуд.

Бо ёдоварӣ аз афзоиши ҷиноятҳо бо истифода аз яроқу аслиҳа хулоса карда шуд, ки «ҳоло ҳам яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ дар дасти шахсони ҷиноятпеша мавҷуд аст». Аз ин хотир, дастур дода шуд, ки барои дарёфту мусодира намудани аслиҳаи оташфишон аз дасти нафарон ва гурӯҳҳои ҷинояткор чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Ҳамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва афзоиши шумораи нашъамандон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон, хусусан фурӯши кӯдакон ва занону духтарони ҷавон ба хориҷи кишварро «падидаи бисёр нангин ва барои миллати тоҷик бегона» номида, таъкид дошт, ки мубориза бо чунин ҷиноятҳо пурзӯр карда шавад.

Муқовимат бо коррупсия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ номида шуда, таъкид гардид, ки кор дар ин самт бояд тақвият ёбад.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гароиши баъзе ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо дода шуд.

Дар робита ба дурнамои эҳтимолии Афғонистон, ки пас аз хурӯҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ дар давоми соли равон ба миён меояд, баланд бардоштани омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадии кишвар, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии сохторҳои қудратӣ амри муҳим дониста шуд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ва босифат анҷом ёфтани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи кадрҳои соҳа ва сатҳи донишу малакаи касбии онҳо зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як амали дар сатҳи ғайрикасбӣ, бесифат ва ё бе масъулияти зарурӣ иҷронамудаи кормандони соҳаҳои номбурда зарба ба обрӯ ва нуфузи Давлату Ҳукумат мешавад.

Пас аз анҷоми суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ шунида шуд.

Нахуст прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ҳисобот дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «барои таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, худи кормандони мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳои марбута бояд дар назди мардум намунаи ибрат бошанд».

Сипас вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азиззода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Мансурзода, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ва муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Умаров ҳисобот доданд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз равандҳои номатлуби сиёсӣ ва ноустувории авзоъ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамчунин аз вазъи кунунии ҷиноӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, аҳли толор ва кулли кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратиро ба омодагии хуби касбӣ, ҳушёрию зиракӣ ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб дар ҷомеа ҳидоят намуд.

www.president.tj