Ҷамъомади васеи корӣ

№42 (3188) 26.04.2014

IMG_4933

Нимаи дуюми рӯзи 23 апрели соли 2014 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади васеи корӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади васеи корӣ бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тезонидани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи вилояти Суғд доир ба ташкили марказҳои таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва зардӯзию гулдӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, хусусан              навсозии роҳҳои мошингард ва омодагӣ ба зимистони оянда аз масъалаҳои асосии ҷамъомад номида шуд.

Чунонки зикр гардид, дурнамои киштукори баҳорӣ то имрӯз дар вилояти Суғд ба андозаи 70 фоиз ва дар вилояти Хатлон 88 фоиз иҷро шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо дарназардошти афзоиши талабот ба картошка дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар, ба афзун намудани майдони кишти ин зироат ва ҳосилнокии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва изофанависӣ пешгирӣ карда шавад.

Доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар минтақаҳои кишвар, ки аз он хисороти калон дидаанд ва ҳам доир ба захира намудани маводи барои чунин ҳолатҳо зарурӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки то 10 май раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба навсозии роҳҳо, сохтмони мактабҳою беморхонаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шир, гӯшт, пӯст ва пашм ва ҳамчунин бунёди боғҳо ҳисобот пешниҳод намоянд.

Дастуру ҳидоятҳо доир ба омодагӣ ба 20-солагии Конститутсия ва Суруди миллӣ ва бузургдошти 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам дода шуд.

www.president.tj