Ҳамоиши вазирони барномаи ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Душанбе

№128 (3765) 31.10.2017

27 октябри соли 2017 дар толори бошукӯҳи зарандуди Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 16 — уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоту созмонҳои шарики рушд, институтҳои бонуфузи молиявӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Исломии Рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохтор, Комиссияи Аврупо, Бонки Авруосиёгии Рушд, Комиссияи Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва уқёнуси Ором, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Ҷайка), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва коршиносон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Амрико, Япония, Британияи Кабир иштирок доштанд.

Зимни суханронии муқаддимавӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёнро ба сарзамини меҳмоннавозу биҳиштосои Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд. Сарвари давлат ба коршиносон фаъолияти пурсамар орзу намуда, ба роҳбарони давлатҳо, ташкилоту созмонҳо ва шахсоне, ки дар татбиқи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ саҳм мегузоранд, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказиро бо дарназардошти афзалиятҳои минтақа барои ташаккули низоми шарикии байни кишварҳо ва рушди стратегияи иқтисодии он муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба андешаи Эмомалӣ ­Раҳмон, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои минтақа таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии минтақавӣ аҳамияти калидӣ дорад. Бинобар ин, дар доираи барнома тақвият бахшидани ҳамкории иқтисодиро дар замони муосир муҳим шумориданд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба хотири рушду густариши ҳамкории пурсамар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд пешниҳоди асоснок намуданд, ки на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки барои минтақа ва кишварҳои иштирокчии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ муҳиму саривақтӣ мебошанд.

Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао баромад ва ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо кардани ҳамоиш ва ҳамгироию ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.

Такехико Накао гуфт, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 оғоз гардидааст ва дар сатҳи хуби шарикии стратегӣ қарор дошта, бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, сармоягузории бахши хусусӣ ва дигар самтҳои ояндадорро дар бар мегирад.

Ӯ афзуд, ки таҳкими робитаи судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бонк дар сатҳи ҳамкории минтақавӣ ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат менамояд.

Дар охир маросими хотиравии аксбардории роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

www.president.tj