Анҷоми унсурҳои иди Қурбон инсонро соҳиби аҷру савоби зиёд менамояд

№95 (4357) 22.07.2021

51321600016_4a32d02e73_oПаёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

шаҳри Душанбе, 19 июли соли 2021

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишвари мо расму оин ва ҷашну идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии худро озодона истиқбол намоянд.

Иди саиди Қурбон бисёр унсурҳои неки инсондӯстона дорад, ки шахси мусулмон бо анҷом додани онҳо метавонад соҳиби аҷру савоби зиёд гардад.

Дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси иди Қурбон мебошад. Яъне, ҳар шахси хайрхоҳе, ки имконияти мусоиди молиявӣ дорад, ба ятимону маъюбон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз мекунад.

Боиси қаноатмандист, ки дар кишвари мо дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кумак ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Фарҳанги исломӣ беҳтарин арзишҳои маънавии ҳаётӣ, аз қабили омӯзиши илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накукорӣ, заҳматдӯстӣ, рафоқату дӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Яке аз суннатҳои дигари иди Қурбон анҷом додани маросими қурбонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамватанони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки қурбонӣ дар дини ислом як рукни истисноӣ буда, анҷом додани он аз қудрату тавони ҳар як шахс вобаста мебошад. Яъне, фақат шахсоне метавонанд маросими қурбониро анҷом диҳанд, ки аҳли хонадонашон аз ҳар ҷиҳат таъмин буда, фарзандон ва аъзои оилаи онҳо аз ҳеҷ чиз танқисӣ надоранд.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки ҳангоми баргузории маросиму идҳои миллӣ мо бояд ба таассуб, хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳем, ҳикмати созандагиву ободкорӣ, раҳму шафқат, ҳамдигарфаҳмиву меҳрубонӣ ва кумак ба муҳтоҷону камбизоатҳоро аз хотир набарорем.

Ҳамдиёрони азиз!

Соли дуюм аст, ки мо иди Қурбонро дар шароити паҳншавии бемории сироятии Covid — 19 ҷашн мегирем.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози пайдоиши ин беморӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии он дар байни аҳолии кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ намуд. Аз ҷумла, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус таъсис дода шуд, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ дар самти пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад.

Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус маҳз риояи қатъии қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ мебошад.

Бинобар ин, аз кулли ҳамватанони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон дар хона, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳ­доштӣ ва низоми рафтори аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсияшуда ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявиро ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Хусусан, дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон аз гаштугузори бемаврид, оростани дастархони серхарҷ ва иштирок дар маъракаҳои серодам худдорӣ карда, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатиро фаромӯш насозанд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани паҳншавии минбаъдаи бемории сироятии коронавирус ва табобати шахсони гирифтори ин беморӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Бо дарназардошти чунин вазъ, шаҳрвандони мамлакат низ бояд эҳтиёткор бошанд ва ба масъалаи саломатии худ ва наздикону пайвандонашон беаҳамиятӣ накунанд.

Ҳамватанони азизи мо, ҳамчунин, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, хушксолӣ, камобӣ ва болоравии нархи маҳсулот бояд ба масъалаҳои истифодаи оқилонаву самараноки замин, ҳар чӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳар як оила ва сарфаю сариштакорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлат барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам овардааст, ки ба хотири рӯз ба рӯз беҳтар сох­тани зиндагии худ ва рушду ободии Ватани азизамон бо заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиби худро гузорад. Аз ин лиҳоз, итминон дорам, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ, барои истиқболи сазовори Ҷашни бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи хешро бо иштироки фаъолона дар корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ мегузорад.

Бо изҳори ҳамин нияту орзуҳои нек бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони гиромиро ба муносибати фарорасии иди Қурбон таб­рик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ ва дар хонадонатон хайру баракатро орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!