Ангораи ҷашни наврўзӣ тасдиқ шуд

№30 - 32 (3510 - 3512) 05.03.2016

navruz2016Дуюми марти соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни наврўзӣ тасдиқ карда шуд.

Ангораи наврўзӣ дар айёми тантанаҳои наврўзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ истифода гардад.

Вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ҳангоми тантанаҳои наврўзӣ аз ин ангора истифода намоянд.

www.president.tj