Ангораи «Наврӯз — 2019» тасдиқ гардид

№22 (3972) 26.02.2019

angorai_navruz2019 (1)21 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Иди байналмилалии Нав­рӯзро тасдиқ намуданд.

Ангора намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тараф Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз — 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи Иди байналмилалии «Наврӯз — 2019» васеъ истифода намоянд.

www.president.tj