Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№9-10(3646-3647) 31.01.2017

аз 25 январи соли 2017, №31, ш. Душанбе

Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазорату идораҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд Қоидаҳои мазкурро дастури амал қарор диҳанд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати иҷрои қатъии қарори мазкурро аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ ва муассисаву ташкилотҳои тобеи худ таъмин намоянд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №122 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН