Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№98 (4048) 15.08.2019

аз 10 августи соли 2019, № 407, ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъин намудани Соҳибзода М. А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Соҳибзода Маҳмадкарим Абдуқодир муовини директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН