Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдулваҳобзода Т. Н.

№142 (4248) 24.11.2020

аз 20 ноябри соли 2020, № 595, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ РАҲМОН