Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбонзода А. Ҳ.

№13 (4119) 28.01.2020

 аз 24 январи соли 2020, № 40, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН