Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З. Д.

№13 (4119) 28.01.2020

 аз 24 январи соли 2020, № 35, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Зулфия Давлат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН