Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳимзода С. Н.

№ 07.05.2019

 аз 6 майи соли 2019, №238, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН

 

***

Мутобиқи моддаи 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод намудани Қурбонзода Амирхон ва ба мансаби муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъин намудани Хайрулло Амонулло розигӣ дода шуд.