Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирбобоев Р. М.

№11 (4117) 21.01.2020

 аз 21 январи соли 2020, №17,ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН