Ба пешвози 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон

Аз таърихи нахустин мусоҳиба бо Сарвари давлат

№124 (3761) 19.10.2017

мусохаби 2Дар остонаи 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо шахсе ҳамсуҳбат шудем, ки бевосита шоҳиди ин воқеаи таърихӣ буд ва баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда бо ӯ мусоҳиба намудааст. Вай Муродалӣ Солеҳов, собиқ корманди телевизиони Тоҷикистон, ҳоло муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Баҳор»- и шаҳри Ваҳдат мебошад.

 - Бигӯед, ки аз он рӯзҳо чӣ хотирот доред?

- Дар арафаи баргузории иҷлосия раиси ба тозагӣ таъиншудаи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, корманди собиқадори ҳизбию давлатӣ Даврон Ашӯров (ёдашон ба хайр) як гурӯҳ кормандони радио ва телевизионро дар утоқи корӣ ҷамъ намуда гуфтанд, ки ягон нафар аз хабарнигорони телевизион бояд ҳамроҳи наворбардор барои инъикоси кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд сафар намояд. Интихоб болои ман афтод ва бегоҳии 14 ноябри соли 1992 бо ҳамроҳии муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ғ. Маҳмудов, наворбардор Б. Арамов ва чанд нафари дигар аз кормандони эҷодию техникӣ бо ҳавопаймо ба шаҳри Хуҷанд рафтем. Рӯзи дигар, ки якшанбе буд, ба Кумитаи вилоятии радио ва телевизион даромада, бо кормандони он роҷеъ ба шароити пахши ҷараёни иҷлосия барои тамошобинони телевизион суҳбат кардем. Маълум гардид, ки кормандони телевизиони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аллакай дастгоҳҳои наворгирӣ ва пахши барномаҳоро оварда, дар Қасри Арбоб насб ва омодаи кор кардаанд.

ҷаласаҳои иҷлосия, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 идома доштанд, дар ҳамон давраи мушкилу сангин барои тамошобинон пурра намоиш дода шуданд. Дар он вақт ҷомеаи Тоҷикис­тон ба чанд гурӯҳ тақсим гардида буд. Вале, бо вуҷуди мушкилоту монеа кӯшиш мекардем, ки кори иҷлосия ба таври объективӣ ва воқеъбинона ба тамошобин расонда шавад. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин бобат кормандону мутахассисони телевизиони вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба мо кумаку ҳамкории зиёд карданд.

- Аҳамияти иҷлосияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ба ҳар рӯйдоди ин ё он кишвар, албатта, таърих баҳои худро медиҳад. Назари шахсии ман ин аст, ки дар он рӯзҳое, ки номи Тоҷикистон дар сархати расонаҳои хабарии дунё қарор дошт, дар шаҳри бостонии Хуҷанд гирд омадани вакилон, намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар ва созмонҳои иҷтимоию мардумӣ кӯшише буд барои наҷоти мамлакат аз парешонию парокандагӣ. Дар ҷамъомадҳои иҷлосия ва суҳбатҳои расмию ғайрирасмии вакилон ва дигар иштирокдорони иҷлосия фақат як фикр ва як масъала матраҳ буд: чӣ гуна бояд пеши роҳи хунрезиҳо гирифта шавад ва бо кадом роҳ Тоҷикис­тон аз вартаи парокандагӣ наҷот ёбад? Аз ин нуқтаи назар иҷлосия дар таърихи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда дошт.

Як нуқтаи муҳими дигарро мехоҳам ёдовар шавам. Имсол дар Тоҷикистон 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд ва чорабиниҳои асосии он дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд. Бояд гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сароғози ин Ваҳдати миллӣ буд. Он замон қувваҳои манфиатдоре низ буданд, ки оромии Тоҷикистонро намехостанд. Аз ин ҷост, ки баъди анҷоми иҷлосия низ ҷанги дохилӣ дар кишвар идома ёфт ва танҳо баъди панҷ соли дигар, рӯзи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикис­тон ба имзо расид.

- Шумо дар шаҳри Хуҷанд, баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин мусоҳибаи телевизионӣ анҷом додед. Ин чӣ гуна ба шумо муяссар шуд?

- Дарвоқеъ, он рӯз дар ҳаётам фаромӯшнашаванда аст. Ифтихор аз он дорам, ки дар оғози фаъолияти бузургашон ба сифати Сарвари давлат бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, ҳамсуҳбат шудам. Бо инсони шарифе, ки бо пою қадами некашон, нияти хайрашон дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ пойдор гардид ва кишварамон шуҳраи олам шуд. 19 ноябри соли 1992 дар радифи 23 масъалаи рӯзномаи иҷлосия ­масъалаи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Аксарияти вакилон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва ӯро Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб намуданд. Баъди анҷоми суханронии ­Эмомалӣ Раҳмон вакилон ба танаффус баромаданд. Дар ҳамон лаҳза ман ба утоқе, ки Сарвари тозаинтихоби кишвар ­Эмомалӣ ­Раҳмон ҳамроҳ бо муовинашон Хӯҷааҳмад Хидиралиев суҳбат мекарданд, даромадам. Онҳо пурсиданд, ки чӣ кор дорам? Худро муаррифӣ карда, аз Раиси Шӯрои Олӣ хоҳиш намудам, ки ҳамчун Раиси навинтихоб кори хубе мебуд, агар барои тамошобинони телевизиони кишвар паёме мефиристоданд. Он кас лаҳзае сукут намуда, гуфтанд, ки дар берун мунтазир бошам, пас аз чанд дақиқа мебароянд. Яқинан Ҷаноби Олӣ меандешиданд, ки ин лаҳзаҳо мардуми ҷангзадаю мотамкашидаи тоҷик интизори муждаи нек ва Пешвое ҳастанд, ки онҳоро аз вартаи ҳалокату парокандагӣ раҳо бахшад.

Ман берун баромада, ба Борис Арамов гуфтам, ки дастгоҳи наворгириро омода намояд. Баъди тақрибан ним соат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни Қасри Арбоб баромаданд ва тақрибан 15 дақиқа бо мо ҳамсуҳбат шуданд. Зимни мусоҳиба аз суханони умедбахшона ва чеҳраи гарму самимонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар қалби мо умеде ба ояндаи нек пайдо шуд. Баъди анҷоми мусоҳиба мехостем ҳар чӣ зудтар суханони Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистонро ба мардум расонем. Муҳтавои паём ва мусоҳибаи кӯтоҳ ин буд, ки ҳар чӣ зудтар пеши роҳи даргириҳо гирифта, гурезагон ба Ватан баргардонида шаванд.

Худи ҳамон бегоҳ он паём ва мусоҳибаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар телевизиони Тоҷикис­тон пахш гардид.

PS: Воқеан, он рӯзу он лаҳзаҳоро хурду калони Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашиданд, зеро аз ҷангу хунрезӣ ва душмании якдигар, ки хоси миллати тоҷик нестанд, хастаю ноумед гашта, садҳо оила вайрон, деҳаҳо валангор ва мардуми зиёд гуреза шуда буданд. Вақте роҷеъ ба ин рӯйдоди таърихӣ ҳарф мезанем, бояд ба заҳмати ҳамкасбонамон, аз ҷумла Муродалӣ Солеҳов ва гурӯҳи эҷодии телевизион арҷ гузорем, ки нахустин шуда, бо Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоҳиб шуда, муждаи сулҳу ояндаи неки кишварамонро ба мардуми ранҷкашида расониданд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»