Барқияҳои табрикӣ

№96 (3242) 15.08.2014

Дувоздаҳуми августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти мунтахаби Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хушҳолам, ки Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Туркия самимона табрику таҳният менамоям.

Итминон дорам, ки дар ин маснади олӣ Шумо чун кафили сулҳу субот ва инкишофи иқтисодии кишвари худ фаъолона амал хоҳед кард.

Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳоямон қаноатманд буда, онро баланд арзёбӣ менамоем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехостам омодагии Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳо таъкид намоям.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил, дар кори амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Туркия пешрафт ва шукуфоӣ ва ба мардуми он саодату комгорӣ хоҳонам».

***

14 августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ҷашни фархундаи миллӣ – Иди истиқлоли кишвар ба ман имкони хуберо фароҳам меоварад, ки табрикоти самимии хеш, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Покистон, расонам.

Тоҷикистон ва Покистонро пайвандҳои дерини таърихӣ ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ мепайванданд.

Солҳои охир самти покистонии сиёсати хориҷии мо фаъолтар гардида, ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар тадриҷан инкишоф ёфта истодаанд, ки боиси қаноатмандии мост.

Тоҷикистон нисбат ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳояш дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ хеле хушбин аст. Итминон дорем, ки бо саъю эҳтимоми ду ҷониб дар ояндаи наздик муносибатҳои дуҷонибаи мо шомили марҳалаи нави рушду тавсеа мегарданд. Кишвари мо барои расидан ба ин ҳадаф ҳама саъю кӯшишҳои лозимаро ба харҷ хоҳад дод.

Дар ин рӯзи саид ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу комёбӣ, ба кишвари дӯсти Покистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми бародари он саодату амонӣ орзумандам».

***

Понздаҳуми августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Сарфарозам, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро бо ҷашни миллӣ – солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон табрик ва таҳният намоям.

Комёбиҳои назарраси кишвари Шумо дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ боиси хурсандии дӯстони самимии Ҳиндустон ҳастанд ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба робитаҳои мустаҳкаму муассир бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо он моро равобиту тамосҳои таърихӣ мепайванданд, манфиатдор аст.

Ҳиндустон дӯсти боэътимод ва шарики муҳими мо дар минтақа мебошад, ки мо бо он муносиботи гунонгунҷанбаи мутақобилан судманд дорем. Мо ба сатҳи ин муносибатҳо баҳои баланд дода, ба рушду густариши минбаъдаи онҳо ҳавасманд ҳастем.

Итминони комил дорам, ки дар оянда низ бо саъю талоши муштарак мо метавонем пайваста инкишофи равобити ҳасанаи ду кишвари дӯстро таъмин намоем, ки он бидуни шак, ба нафъи халқҳо ва кишварҳои мо, амният, субот ва пешрафти умумии минтақа мебошад.

Ба ҷаноби Президент муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

***

Понздаҳуми августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ!

Барои ман мояи сарфарозист, то табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллии кишваратон ба Шумо ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея тақдим намоям.

Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳар чӣ бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.

Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкории созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Дар ин рӯзи саид ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Корея саодат ва комгорӣ таманно дорам».

www.president.tj