Барқияи табрикӣ

№111 (3257) 25.09.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябри соли 2014 ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳ Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Бародари гиромӣ, Аълоҳазрат!

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Шуморо, Аълоҳазрат, ба муносибати фаро расидани иди миллӣ – Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимона табрику муборакбод намоям.

Бо истифода аз ин муносибати нек мехоҳам муҷаддадан аҳамияти муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямон ва халқҳои ба ҳам бародарамонро таъкид карда, омодагии худро барои ҳамкории бештар бо Шумо баҳри таҳким ва густариши ин муносибатҳо, ки ормонҳои муштараки моро барои расидан ба пешрафту шукуфоии минбаъда таҷассум мекунанд, иброз намоям.

Ба Худованди мутаол дуогӯям, ки ба Аълоҳазрат неъмати сиҳату офияти комилро арзонӣ дорад, Шуморо дар паноҳи худ нигоҳ дорад ва қадамҳоятонро дар анҷоми аъмоли нек ба нафъи мардуми Шоҳигарӣ ва тамоми Уммати мусулмон устувор гардонад».

www.president.tj