Барқияи табрикӣ

№16 (3317) 05.02.2015

Дуюми феврали соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Италия интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ орзу намоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Италия, ҳавасманд аст.

Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъю талош варзем. Умедворам, ки Шумо низ дар ин маснади олӣ кӯшишҳои худро ҷиҳати боз ҳам рушд ёфтани муносибатҳои судманди дуҷониба дареғ нахоҳед дошт».

www.president.tj