Барқияи табрикӣ

№120 (3105) 27.09.2013

23 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:

«Бародари азиз Аълоҳазрат,

Ходими ҳарамайни шарифайн!

Мояи сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии иди миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатию саломатӣ, комёбӣ ва ба мардуми ба мо бародари Арабистони Саудӣ рушду пешрафти бардавом орзу менамоям.

Мо дар Тоҷикистон нақши пешвоёнаи Шуморо дар эҷоди муколамаи мутамиддини созанда ва ҳамкории самарабахш байни давлатҳо ва миллатҳо баланд арзёбӣ намуда, ба дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба байни кишварҳоямон, ки дар маърази таваҷҷуҳи Шумо қарор доранд, бо назари нек менигарем.

Мутмаинем, ки ин равобити умедбахш манфиатҳо ва ормонҳои муштараки моро баҳри рифоҳу шукуфойӣ бештар таҷассум менамоянд».