Барқияи тасаллият

№150 (3296) 19.12.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон        17 декабри соли 2014 ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо даҳшату ғазаб ва дарду андӯҳ хабари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешоварро, ки боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардидааст, дарёфт намудам.

Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод.

Хоҳишмандам, ҳамдардии мардум ва Ҳукумати Тоҷикистонро қабул фармоед ва  ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрӯҳон бирасонед».