Барқияи тасаллият

№154 (3139) 07.12.2013

Шашуми декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо андӯҳи гарон хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Манделаро дарёфт намудам.

Номи ин абармарди замон даҳсолаҳо парчами озодихоҳони тамоми дунё буд. Рӯҳи шикастнопазири ӯ, ки онро на зиндонҳои апартеид ва на фишори ғайриинсонии равонӣ дарҳам зада натавонистанд, ҳамеша чун намунаи волотарин ва қавитарини иродаи Инсони мубориз, Инсони пок ва озодихоҳ боқӣ хоҳад монд. Барандаи мукофоти сулҳи Нобел барои ватанаш зист, вале кору пайкори ӯро башарият дурахшандатарин рамзи зиндагонии озоди Бани Одам донист.

Ҷойи ин бузургмард дар дилу дидаҳои мо ҳамеша холӣ хоҳад буд.

Ҷаноби Олӣ!

Маротиби тасаллият ва таъзияи самимиву амиқи инҷонибро қабул фармоед.

Ба халқи Африқои Ҷанубӣ ва ҳамаи мардуми сайёра Парвардигор сабру таҳаммул ато фармояд. Ҳамдардии мардуми Тоҷикистон ва   моро ба наздикону пайвандон, дӯстон ва ҳамаи дӯстдорони марҳум бирасонед».