Барқияи тасаллият

№93-94 (3239-3240) 08.08.2014

Чоруми августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис!

Хабари заминларза дар як қатор ноҳияҳои музофотҳои Юннани қисмати Ҷанубу Ғарбии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки боиси ҳалокати садҳо нафар ва харобиҳои зиёд гардидааст, мардуми Тоҷикистонро бисёр андӯҳгин намуд.

Ҷаноби Олӣ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллиёти самимии моро ба халқи дӯсти Хитой, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон ва инчунин эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба зарардидагон бирасонед».

www.president.tj