Барқияи тасаллият

№95 (3241) 12.08.2014

11 августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари суқути ҳавопаймо дар наздикиҳои фурудгоҳи Меҳрободи шаҳри Теҳрон, ки боиси ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба мардуми дӯст ва бародари Эрон аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

www.presidet.tj