Барқияҳои табрикӣ

№50 (4000) 04.05.2019

Якуми майи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Нарухито барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 «Аълоҳазрат!

Бо камоли сарфарозӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон Шуморо дар робита ба сари тахти Императори Япония нишастанатон самимона табрику таҳният мегӯям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Япония яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад.

Изҳори итминон менамоям, ки дар давраи ҳукмронии Шумо тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии кишварҳои мо ба пояҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ барои тақвият бахшидан ба равобити байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ҳамаи талошҳоро хоҳем кард.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комил ва дар фаъолияти минбаъдаатон дастовардҳои рӯзафзун, барои кишвари дӯсти Япония ва мардуми он рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

***

Якуми майи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба Императори фахрии Япония Акихито барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 «Аълоҳазрат!

Дар ин рӯзҳои таърихӣ нахуст бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам.

Бо хотироти нек аз мулоқоту суҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Аълоҳазратро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Япония муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем.

Умед дорам, ки анъанаҳои равобити неки байни кишварҳо ва мардумони мо минбаъд низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.

Ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Япония пешрафту шукуфоии рӯзафзун ­орзумандам».

www.president.tj