Барқияҳои тасаллият

№12 - 13 (3806 - 3807) 30.01.2018

26 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 «Ҷаноби Олӣ!

Хабари ҳузнангези ҷон бохтан ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандон  бар асари сар задани сӯхтор дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Миряни Ҷумҳурии Корея боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин фоҷиаи ғамангез ҳамдардиву тасаллияти самимии моро ба пайвандону наздикони фавтидагон қабул фармоед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем».

 27 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 «Ҷалолатмаоб!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул боиси андуҳи беандозаи мо гардид.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳем».

 www.president.tj